Oнлайн cеминар доир ба мавзӯи: «Соҳибкорӣ ва ҳамкории устувори байналмилалӣ»

4 ноябри соли 2021 дар доираи лоиҳаи UNICAC семинари онлайнӣ доир ба мавзӯи: «Соҳибкорӣ ва ҳамкории устувори байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар семинар аз донишгоҳи Лауреа профессор Тиина Виксром, омӯзгори  Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нозима Ҳасанова, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ Мухторов Саидқосим, мутахассиси ШРБ-ӣ Разоқова Сарвар, аз кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон муаллимаи калон Қобилов Ш., ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шарипова Ш., ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Хошимов Ф., доктор Фенгсин Ян аз донишгоҳи Шимолу-Ғарби кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии мардумии Чин  ширкат варзиданд.

Сараввал Тиина Викстрем хулосаи мизи мудавварро, ки бахшида ба мавзӯи “Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ” гузаронида шуда буд, муаррифӣ кард. Баъд аз он доктор Фенгсин Ян бо презентатсия доктори Донишгоҳи кишоварзӣ ва ҷангалпарварии шимолу ғарбӣ ва мардуми Чин, Фенгсин Ян доир ба мавзӯи: «Омӯзиши инноватсия ва соҳибкорӣ» дар бораи раванди истифодаи технологияҳои иноватсионӣ дар рушди соҳибкорӣ: кишоварзӣ, фермерӣ ва ғайра баромад намуд.

Сипас Тиина Викстрем доир ба  мавзӯи: “Ҳисоботи мухтасари форуми ҷаҳонии иқтисод – 2021” сухан ронд.

Дар охири семинар иштирокчиён байни ҳам мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи пешқадами худ ва ҳалли беҳтарии проблемаҳои зеринро дар кишвари худ баррасӣ кардаанд:

-табиат;

-устуворӣ (одамҳо, гурӯҳҳо, ширкатҳо, ҷомеа ва ғ.);

-масъалаҳои глобалӣ;

-бизнес ва иқтисодиёт;

-оянда.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *