Тақвияти робитаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи шимолу ғарбии кишоварзӣ ва ҷангал барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои бузург дорад. Аз ин рӯ, ҳукумат ба он таваҷҷуҳи хоса медиҳад, чун саноатикунонии босуръати иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои асосии стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Зимни Паёмҳои пурмуҳтавои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба аҳамияти густариши «самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон» ва «маблағгузории сабз барои татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ ва инфрасохторӣ, бахусус лоиҳаҳоеро, ки аз нигоҳи муҳити зист ва амнияти озуқаворӣ муҳиманд», таъкид намудаанд. http://president.tj/en/node/29825
Фаъолияти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ДИС ДДТТ), ки муассисаи таълимии мансуб ба Иттиҳодияи Тоҷикматлубот аст, пеш аз ҳама ба саҳмгузорӣ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва рисолати Иттиҳодияи Тоҷикматлубот нигаронида шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии Иттиҳодияи Тоҷикматлубот бевосита ба ҳадафи 3-юми стратегии Тоҷикистон – «Амнияти озуқаворӣ» марбут аст.
Иттиҳодияи Тоҷикматлубот дар сохтори худ хоҷагиҳоеро, ки аз 314 гектар боғу токзори серҳосил иборат аст, дарбар мегирад, аз ҷумла 49,5 гектар боғу 264,5 гектар токзори мебошад. Аз ин боғу токзорҳо солона ба ҳисоби миёна зиёда аз 450 тонна ангур ва зиёда аз 110 тонна меваҳо гирифта мешавад. Барои самаранок истифода бурдани замини лалмӣ ҳар сол кариб 10—15 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда мешаванд. Дар фермаҳои чорводории комиҷроия 167 cap чорвои калони шохдор, 1066 cap чорвои майда, 938 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар айни замон дар тобеияти Иттиҳодияи Тоҷикматлубот 3 хоҷагии махсусгардонидашуда «Ширкент», ноҳияи Турсунзода , «Ҳисор», ноҳияи Рудакӣ ва хоҷагии занбӯри асалпарварии «Сағирдашт» қарор доранд.
Дар ин замина ДИС ДДТТ азм кардааст, ки сохтор, таъминоти моддӣ, фаъолият ва самтҳои ҳамкории худро такмил дода, бо фаъолияти худ дар радифи мояи таъсисёбии Иттиҳодияи Тоҷикматлубот саҳмгузор бошад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои судманд бо шарики хориҷӣ Донишгоҳи шимолу ғарбии кишоварзӣ ва ҷангал (NWAFU), Янлинг, музофоти Шэнсии Чин мустаҳкам карда шуда, он ба сатҳи ҳамкории стратегӣ бароварда шуд. NWAFU яке аз донишгоҳҳои беҳтарин дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст. Тибқи маълумотҳои тозатарин дар рейтинги ESI, илми кишоварзии он дар байни донишгоҳҳои ҷаҳон 0,1% ҷой гирифтааст.
Дар доираи шарикии мазкур, ҳайати баландпояи NWAFU таҳти роҳбарии доктор Юфэн Зоу, муовини директори Дафтари ҳамкорӣ ва мубодилаи байналмилалӣ ва олимон; Қинфанг Ҳан, профессори Факултаи агрономӣ; Ҷунху Руан, профессори Факултаи иқтисод ва идоракунии иқтисодӣ; Тибин Чжан, дотсенти Маркази миллии тадқиқоти муҳандисии обёрии сарфакорона дар Янлинг; Шаохуи Оуянг, доценти Мактаби илм ва муҳандисии ғизо; Фэнгсин Ян, дотсенти Факултаи муҳандисии мошинсозӣ ва электронӣ аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (ДАТ) ба номи Ширнишоҳ Шоҳтемур ва ДИС ДДТТ дидан карданд. Ҳадафи сафар таҳкими робитаҳои шарикӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баргузории семинарҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи AGREENTAJ, инчунин ба имзо расонидани як меморандуми иттиҳоди инноватсионӣ дар доираи AGREENTAJ ва ташкили тадқиқоти саҳроӣ буд.
Дар рӯзи аввали сафар, 19 июл, вохӯрии ҳайъат бо ректори ДАТ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва намояндагони ин донишгоҳ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ, дар бораи шарикӣ ва роҳҳои беҳтар кардани равобити дуҷониба гуфтугӯ карда шуд. Ҳарду ҷониб омодагии худро оид ба дастгирии лоиҳаҳои мутақобилан судмандро, дар чаҳорчӯбаи узвияти худ дар Алянси инноватсионии таълим ва тадқиқоти кишоварзии Silkroad, иброз намуданд. Ректори ДАТ аҳамияти шарикиро бо донишгоҳҳои Чин, бахусус бо NWAFU, дар паҳлуҳои гуногун, аз ҷумла таҳқиқоти муштарак, таъсиси технопаркҳо, лабораторияҳо, барномаҳои муштараки омӯзишӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзиро таъкид кард. Муовини директор доктор Юфэн Зоу ташаббусҳо ва ғояҳои ДАТ-ро дастгирӣ намуда, намояндагони донишгоҳро барои боздид аз Янлинг, ба Конфронси байналмилалӣ дар моҳи сентябри соли равон даъват кард. Пас аз баргузории мизи мудаввар дар донишгоҳ аз иншооти худ – технопаркҳо ва гармхонаҳо сайру гашт ташкил карда, фаъолияти ин объектҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта шуд.
Рӯзномаи ҳайати NWAFU дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хеле пуршиддат буд. Барномаи якрӯзаи рӯзи 20 июл бо вохӯрӣ бо директори ДИС ДДТТ, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини директор оид ба тадқиқот ва корҳои байналмилалӣ Далерҷон Мирпочоев ва роҳбари Маркази байналмилалӣ ва ҳамкории умумиҷаҳонӣ Саидқосим Мухторов ва дигар кормандону шарикони ширкатҳо оғоз гардид. Директор ва ҳайъати кории ДИС ДДТТ вакилони хориҷиро дар назди дарвозаи кампуси асосӣ бо назардошти урфу одат ва анъанаҳои меҳмондустии халқи тоҷик самимона пешвоз гирифта. Ҳарду ҷониб пас аз муаррифии донишгоҳҳои худ ва рисолату ҳадафҳои онҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба заминаи муштарак пайдо карданд.
ДИС ДДТТҳанӯз аз соли 2019 инҷониб бо NWAFU робитаи мустаҳками шарикиро ба роҳ мондааст. Ҳарду донишгоҳ дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус+, лоиҳаи UNICAC, бо дастгирӣ ва саҳми дотсент Фенгсин ЯН шарикӣ ҳамкории судмандро анҷом додаанд. Аз он вақт, то ба имрӯз ҷонибҳо дар лоиҳаҳои тадқиқоти байналмилалӣ ва таҳкими иқтидор якҷоя кор мекунанд. Ҷонибҳо ба идомаи шарикӣ ва эҳёи робитаи боз ҳам беҳтари Чину Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, илм, технология ва иқтисод ҳавасмандии зиёд доранд.
Пас аз вохӯрии пурсамар як силсила семинарҳо аз ҷониби олимони фахрии NWAFU дар мавзуъҳои зерин баргузор гардид: омӯзиши кишоварзӣ, идоракунии об ва хок, технологияҳои механикӣ барои модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ, тиҷорати электронии маҳсулоти кишоварзӣ ва омӯзиши сифати гандум. ДИС ДДТТ инчунин шарикони тиҷоратии маҳаллӣ, технологҳои ҶДММ «Фаровон-1» ва мутахассисони Маркази идоракунии сифатро даъват намуд.
Аъзоёни гуруҳ аз иншооти ҶДММ «Фаровон-1», истеҳсоли озуқаи чорво дидан намуданд. Сартехнолог Ҷаъфорҷон Иброҳимов ҳозиринро бо фаъолияти корхона, хатҳои истеҳсолӣ, иқтидор ва самаранокии истеҳсолот, таҷҳизот, маркази идоракунии интеллектуалӣ ошно сохт. Пас аз сафар, оид ба имкониятҳои ҳамкории тиҷоратӣ миёни ҶДММ «Фаровон-1» ва шарикони NWAFU аз ҷониби роҳбарияти ширкат, Сардори Раёсати захираҳои инсонӣ Илҳомҷон Сатторов мизи мудаввар баргузор гардид. Сатторов ба ҳозирин дар бораи гуруҳи ширкатҳои Фаровон-1, фаъолияти онҳо ва соҳаҳои мухталифи саноатие, ки онҳо машғуланд, муаррифӣ намуд. Муовини директор доктор Юфэн Зоу андешаҳо ва диди худро дар бораи самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ бо ҶДММ «Фаровон-1» ва ДИС ДДТТ барои ҳамгироии МТОК ва ҳамкории байналмилалии он бо соҳибкорони маҳаллӣ иброз намуда, оид ба ҳолатҳое, ки шарикии NWAFU ва ДИС ДДТТ ба ҶДММ «Фаровон-1» манфиатовар хоҳад буд сухан ронд. Ҳадафҳои муштараки NWAFU ва ДИС ДДТТ ин бунёд кардани марказҳои тадқиқотии инноватсионӣ ва боғҳои намоишӣ мебошад, ки дар онҳо олимони NWAFU, ДИС ДДТТ ва таҷрибаомӯзони шарикони маҳаллӣ, аз ҷумла кормандони ҶДММ «Фаровон-1» метавонанд малакаю тахассуси худро такмил диҳанд ва якҷоя ба тадқиқоти амалӣ машғул шаванд. Дотсент Фенгсин Ян аҳамияти ҳамкориро бо корхонаҳо таъкид намуда, роҳбари Раёсати захираҳои инсонии ҶДММ «Фаровон-1»-ро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Янлинги музофоти Шанси, Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, даъват намуд. Илҳомҷон Сатторов дар навбати худ иброз дошт, ки ҳатман дар конфронси мазкур ширкат хоҳад кард. Инчунин дотсент Фенгсин Ян гуруҳи ширкатҳои «Фаровон-1»-ро барои узвият дар Альянси инноватсионии AGREENTAJ даъват намуд.
Сипас гуруҳи корӣ ва ҳайати NWAFU барои тадқиқоти саҳроӣ, барои тафтиш ва озмоиши замин, зироат, системаҳои обёрӣ ва техника ба мавзеъҳои кишоварзӣ раҳсипор гардиданд. Коршиносон доктор Юфэнг Зоу, Қинфан Ҳан, Ҷунху Руан , Тибин Чжан, Шаохуи Оуян ва Фенгсин Ян бо деҳқонони маҳаллӣ ва коршиносони кишоварзии маҳаллӣ гуфтугӯ ва мусоҳибаи мустақим доштанд, ки ба арзёбии истифодаи самараноки замин ва ҳосилнокии зироатҳо кӯмак хоҳад кард. Ин тадқиқоти саҳроӣ барои фаҳмидани он, ки чӣ тавр NWAFU метавонад минбаъд дар рушди кишоварзӣ саҳм гузорад ва соҳаи кишоварзии моро дастгирӣ намояд, инчунин, равишҳои нави инноватсионӣ, техника, технологияҳо ва таҷрибаҳои беҳтаринро барои парвариши маҳсулоти солим, серғизо ва экологӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Саидқосим Мухторов,
Роҳбари Маркази байналмилалӣ ва ҷалби глобалӣ