Ҳамкорӣ

Дар соли хониши 2016-2017 фаъолияти берунмарзии Донишкада ривоҷ ёфтааст. Фақат дар моҳҳои сентябри соли 2016 – январи соли 2017 донишкада тавонист, ки муносибатҳои байналхалқиро ривоҷ диҳад. Аз ҷумла, 5 лоиҳа бо ҳамроҳии донишгоҳҳои давлатҳои Аврупо ва Федератсияи Русия дар доираи барномаҳои ERASMUS +, Jean Monnet ва Бонки Ҷаҳони ҳамкорӣ карда истодааст. Аз ҷумла, фақат дар доираи барномаи ERASMUS + донишкада аз рӯи 4 лоиҳаҳо бо донишгоҳҳои зиёд ҳамкорӣ карда истодааст:

  • Бо Донишгоҳи Болонияи Италия дар лоиҳаи “Рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи барномаи CAPACITY BUILDING.
  • Бо Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Санкт – Петербург дар лоиҳаи “Саҳми донишгоҳҳо барои рушди устувор” аз рӯи барномаиCAPACITY BUILDING.
  • Бо Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Санкт – Петербург дар доираи барномаи Jean Monnet.
  • Бо Донишгоҳи Кантабрия, Испания лоиҳаи мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон (Mobility) байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи Кантабрия.

Ҳамкориҳои донишкада донишгоҳҳои дигар аз рӯи самтҳои мубодилаи донишҷӯёни омӯзгорон, тадқиқотҳои якҷояи илмӣ, иштирок дар конфронсҳо ва симпозиумҳои илмии байналмилалӣ, забономӯзӣ ва ивази таҷрибаи таълимӣ ташкил карда шудааст.

Инчунин дар донишкада донишҷӯён аз хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, аз ҷумла аз Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Белоруссия.