Ташрифи ректори Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Янлинги Чин ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Дар доираи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 4-6 июли соли 2024 сурат гирифт, зиёда аз 29 адад шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин ба имзо расонида шуданд. Дар ин замина, ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ҳошияи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ректори Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Янлинги Чин ва ҳамроҳонаш ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров маросими ифтитоҳи Боғи намоишии Лабораторияи муштараки кишоварзии рақамии Чину Тоҷикистон баргузор шуд. Ин маросим бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Чин баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи лаборатория директори ДИС ДДТТ, дотсент Ҷалилзода А.А. ва президенти Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Чин профессор Ву Путэ суханронӣ намуданд.
Онҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ, ташкили сафарҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, дӯст доштани табиат, муносибати эҳтиромона ба замин, ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди истифодаи замин, истифодаи мақсадноку сарфакоронаи захираҳои обӣ, воридоти техникаҳои муосири кишоварзӣ ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи лабораторияи бунёдгашта ибрози ақида намуданд. Қайд карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар самти мазкур густариш ёфта, дар ин замина баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзанда гузошта хоҳад шуд.
Сипас, аз ҷониби президенти Донишгоҳи Чин аз боғи намоишӣ, ки масоҳати умумии он 7,5 га мебошад ва дорои дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, шафтолу, олу ва ғайраҳо мебошад, дидан намуда, бо деҳқонону сокинон сӯҳбати самимӣ доир намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *