ДОНИШҶӮЁНИ ДИС ДДТТ ДАР ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА СТАРТАПҲО ДАР ЧИН

Донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар марҳилаи ҷаҳонии Ҷоми ҷаҳон оид ба стартапҳо, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Ин дастоварди арзанда натиҷаи заҳмати пайваста ва фаъолияти инноватсионии донишҷӯён мебошад, ки қаблан дар марҳилаи минтақавии Мусобиқаи байналмилалии инноватсионии донишҷӯёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Чин сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи донишҷӯёни мо ба ташкили экосистемаи муштараки инноватсионӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон бахшида шуда, таваҷҷуҳи ҳакамон ва коршиносонро ба худ ҷалб намуд.

ДИС ДДТТ минбаъд низ барои дастгирии иқдомҳои эҷодкоронаи донишҷӯён, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори ҷавонон тавассути стартапҳо ва инноватсияҳо кӯшишҳои пайгирона ба харҷ медиҳад.

     

   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *