Рӯзи 4 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 16-уми декабри соли равон дар кафедраи ҳуқуқшиносии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ бо ҳамроҳии делагатсияи Донишгоҳи пегадагогии Шенян ва устодони ҳамин кафедра дар мавзуи “Қонунҳои ду давлати ҳамсоя” мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедра н.и.и., дотсент Набиева М. ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд. Сипас, аз ҷониби ду нафар устодони Донишгоҳи пегадагогии Шенян профессор Ван Сювей ва Ҷин Син ва инчунин ду нафар омӯзгорони кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуъҳои гуногун ба мисоли: “Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Мардумии Чин”, “Кодекси иқтисодӣ”, “Мавқеи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси мурофиаи шаҳрвандӣ” ба самъи иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар рафти маърӯза ба иштирокчиён оиди мавзуъ саволҳо пешниҳод карда шуд ва ба саволҳо посухҳои амиқ гирифта шуданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар мудири кафедра Набиева меҳмононро бори дигар хайрамақдам намуда, ба ҳамагон бурдборӣ таманно намуд.Аз ҷониби кулли иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки дар оянда чунин мизи мудаввар зиёдтар ташкил карда шавад.
Сипас бо ҳамроҳии делегатсия ба Суди Иқтисодии вилояти Суғд воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд ташриф овардем. Намояндаи Донишкада дар Суди иқтисодӣ устод Шарипов Далерҷон пешвоз гирифта, барои мулоқот бо иштирокчиён намояндагонро ба зали суд даъват намуд. Дар фарҷом профессори Донишгоҳи пегадагогии Шенян ҷаноби Ван Сювей ба раиси Суди иқтисодӣ ва ба устодони Донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *