Барномаи нави бакалавр оид ба Агро-туризм – қабули довталабон оғоз шуд!
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДСТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи педагогии Шэнян (Чин) барномаи нави таълимии Агро-туризмро ба роҳ мемонад:

Омӯзиши технология ва ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Имконияти таҳсил 1–2 семестр дар Чин

Омӯзиш бо мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва рушди устувор

Барнома дорои иҷозатномаи расмии Агентии назорати сифати таҳсилоти назди Президенти ҶТ

Ҷойҳо маҳдуданд – танҳо 25 донишҷӯ дар гурӯҳи аввал қабул карда мешаванд!