Рӯзи 6 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 18-уми декабр дар бинои №2-и факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дар синфхонаи “Коргоҳи Мозӣ” устод Охунов Ф. дар мавзӯи “canvas” дарс гуфтанд. Дар дарс ҳам донишҷӯёни Донишгоҳи пегадагогии Шенян ва ҳам донишҷӯёни донишкадаамон иштирок намуданд. Баъди баёни мавзӯъ, устод донишҷӯёнро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, вазифагузорӣ карданд ва якчанд бозиҳои дидактивӣ гузарониданд. Бо ҳамин қисми аввали дарс ба анҷом расид.
Баъд аз нисфирӯзӣ устодону донишҷӯёни ду Донишкада ба тамошои Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) ва НБО Қайроққум рафтанд. Устоди забони чинӣ Абдуллоев Н. бо забони чинӣ ба меҳмонон дар бораи ин ду макон маълумот дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *