
Рӯзи 2 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд
Субҳи санаи 14-уми декабр дар бинои асосии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби устод Мухторов С.С. бо донишҷӯён машғулияти гуруҳӣ дар мавзӯи “Business Idea Generation” гузаронида шуд. Донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим карда шуда, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамроҳии дастаи худ бизнес-идея эҷод намуда, оиди он баромад намоянд. Донишҷӯёни Донишкада ва донишҷӯёни Донишгоҳи педагогии Шенян дар ҳамҷоягӣ бизнес-идеяҳо таҳия намуда, як ба як баромад намуданд ва оиди идеяи худ маълумот пешкаш намуданд. Дар раванди баромади худ, донишҷӯён бисёр маълумотҳо ва идеяҳои навро пешкаши ҳамдигар намуданд. Инчунин, дар рафти машғулият бо донишҷӯён бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуданд. Дар охири дарс идеяҳо ва баромади иштирокчиёни ҳарду гурӯҳ баҳогузорӣ карда шуданд.
Баъд аз хӯроки нисфирузӣ ҳамроҳи меҳмонон ба Қалъаи Хуҷанд ташриф овардем. Моро роҳбалади Қалъа хуш пазироӣ кард ва дар бораи ҳар қисми он ба мо маълумот пешниҳод намуд. Роҳбалад бо забони тоҷикӣ оиди Қалъа маълумот мегуфт ва устоди Донишкада Абдуллоев Н. онро бо забони чинӣ тарҷума менамуд. Делегатсяи Донишгоҳи пегадагогии Шенян бо завқ гӯш мекарданд ва саволҳо низ медоданд. Ба меҳмонон хосатан корҳои кандакорӣ дар чӯб, гаҷкорӣ, бозтёфҳои архелогӣ, манзараҳои қадимаи аҳолинишин, гумбазҳои баланди бо нақшу нигори гуногун тасвиршуда, хонаҳои устоҳои гуногун бисёр писанд омад. Ба гуфтаи худи меҳмонон дар ҳақиқат Қалъаи Хуҷанд макони беназири таърихӣ аст ва албатта аз ташрифи худ бисёр хурсанд шуданд.




