Рӯзи 3 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 15-уми декабр бо ҳамроҳи меҳмонон аз Донишгоҳи пегадагогии Шенян ба қасри тарърихию фарҳангии Арбоб ба номи ду карат қаҳрамони сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев ташриф овардем. Меҳмонон аз ҳар як толори қасри Арбоб диданӣ намуда, бисёр маълумотҳои наву ҷолибро ба худ гирифтанд ва ба гуфти худи онҳо тӯли 2 соат онҳо ба сайри ҳамун солҳое, ки қаҳрамони ду каратаи сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев зиндагонӣ ва кору фаъолият мебурданд, ворид шуданд. Хулоса, ба меҳмонон ташрифи имрӯза бисёр писанд омад ва мо ҳамакаса акси хотиравӣ гирифтем.
Нимаи дуюми рӯз бо ҳамроҳии устодони Донишкада ва меҳмонон ба ширкати “Саманди Суғд” воқеъ дар “Минтақаи озоди иқтисодӣ Суғд” раҳсипор шудем. Дар даромадгоҳи шикрат Директори генеарлии ширкат ҷаноби Ма Юйюн, ҷониши директор ҷаноби Ҷу Ҷе ва Ши Сяоган моро хуб пазирот намуда, оид ба кору фаъолияти ширкати “Саманди Суғд” маълумот доданд ва бо рафти кор моро шинос намуданд. “Саманди Суғд” ширкати навтаъсис буда, хусусан аробаҳои барқӣ, мошинҳои сабукрав ва боркашони гуногуншакли барқиро истеҳсол карда истодаанд. Қобили зикр аст, ки ширкати “Саманди Суғд” бо Донишкадаи мо ҳамкории зич дорад. Меҳмонон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба кори ширкат баҳои хуб доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *