
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР ЧАҲОРЧӮБИ “КОРГОҲИ МОЗӢ”
Санаи 2-юми декабри соли равон дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла, роҳбарият ва устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, намояндагон аз ширкатҳои академияи “Фаровон”, “Афзали Суғд”, “Корпоратсияи моҳипарварии тоҷик”, Корпоратсияи моҳипарварии Хайри Сафо” ва ширкати “Акбар ва Муҳофиз” иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар маросими кушодашавии «Барномаи бозомӯзӣ барои гурӯҳи иштирокчиёни Маркази муосири аграрии “Коргоҳи Мозӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Чин” омӯзгорон ва роҳбарияти худи Донишгоҳи омӯзгории Шенян: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ хонум Тонг Юпинг, директори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиш ва кумаки хориҷӣ ҷаноби Биан Минминг, директори дафтари мубодила ва ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Ван Лиге, декани институти илмҳои ҳаётшиносӣ хонум Чжан Ян, декани факултети идоракунии сайёҳӣ ҷаноби Суй Син ва дигарон ширкат карданд. Маросими ифтитоҳиро директори маркази мубодила ва ҳамкории байналмилалии Донишгоҳ хонум Ван Син роҳбарӣ намуд.

Соҳиби маҳфил сухани нахустро ба директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муҳтарам Ҷалилзода А.А. дод. Директори ДИС ДДТТ барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ аз номи Донишкада ва ҳайати делегатсия изҳори сипос намуда, сипас доир ба мақсад, нақшаҳо ва дастовардҳои “Коргоҳи Мозӣ” маърӯза кард ва ёдовар шуд, ки ба туфайли сиёсати “Дарҳои кушод” ва қабули қарордодҳои оқилонаву хирадмандонаи сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Чин бо суръати беназир тараққӣ ёфта истодааст.
Сухани навбатӣ ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ хонум Тонг Юпинг дода шуд. Хонум Тонг меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба муносибатҳо, ҳамкориҳо, нақшаҳо ва дастовардҳои ду донишгоҳ, хусусан дар самти “Коргоҳи Мозӣ” суханронӣ намуд.

Сипас аз ҳар ду ҷониб устодон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун дар мавзӯи кишоварзии рақамӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва экология баромад карданд. Аз ҳайати Тоҷикистон 4 корхонаҳои дар боло зикр кардашуда оиди фаъолияти худ дар алоҳидагӣ маълумотҳоро тариқи маърӯзаву видеонаворҳо пешниҳод намуданд. Дар фарҷом, ҳамоҳангсози “Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд Саидқосим Мухторов дар бобати фаъолияти коргоҳ ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, чунин нуктаро қайд кард: “Мо боварӣ дорем, ки васеъшавии шабакаи коршиносони “Коргоҳи Мозӣ” барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистону Чин саҳми худро мегузорад”.

Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо, ҳайати делегатсияи Тоҷикистон аз толорҳои омӯзишии семинари “Коргоҳи Мозӣ” оид ба агротуризм ва “Коргоҳи Мозӣ” оид ба кишоварзии экологӣ боздид ба амал овард. Дар поёни рӯзи аввал акси хотиравӣ гирифта шуд ва бо ҳамин сафари рӯзи аввали ҳайат ба Донишгоҳи омӯзгории Шенян анҷом ёфт.