Ташрифи ҳайати Донишгоҳи педагогии Шенян ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва баргузории Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни саноат ва донишгоҳ

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ифтихор дошт, ки ҳайати яке аз шарикони фаъолтарини худ аз Чин — Донишгоҳи педагогии Шенян-ро истиқбол намуд. Ҳайатро котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар Донишгоҳи педагогии Шенян, профессор Ҷян Фенгчун роҳбарӣ мекард. Ӯро профессор Ван Син — директори Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодила, профессор Ҷан Е — директори Шуъбаи таълими байналмилалӣ, профессор Лу Вей — декани коллеҷи илмҳои педагогӣ ва Ли Сяойи — мутахассиси ҳамкорӣ бо Осиёи Марказии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва мубодила ҳамроҳӣ менамуданд.
Ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, меҳмононро дар бинои Маркази байналмилалии таҳқиқотии Коргоҳи Мози истиқбол намуд. Ин марказ соли 2024 бо ташаббуси муштараки ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи педагогии Шенян таъсис дода шуда буд. Профессор Ҷян Фенгчун ва аъзои ҳайат аз имкониятҳо ва фаъолияти Коргоҳи Мози боздид ба амал оварда, бо дастовардҳо ва натиҷаҳои марказ аз рӯзҳои таъсисёбиаш шинос гардиданд.
Илова бар ин, ҳайати Донишгоҳи педагогии Шенян аз Маркази фарҳанги чинӣ, ки ҳамчун яке аз ташаббусҳои Коргоҳи Мози таъсис ёфтааст, боздид карданд. Дар он ҷо ҳайат бо донишҷӯёне, ки ба омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ машғуланд, мулоқот анҷом дод.
Пас аз боздид, вохӯрии расмӣ дар кампуси асосии ДИС ДДТТ баргузор гардид. Дар ҷараёни ин мулоқот натиҷаҳои то ба имрӯз бадастомада баррасӣ шуда, роҳҳои минбаъдаи таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва Донишгоҳи педагогии Шенян мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Баъд аз муҳокима созишномаи ҳамкорӣ байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи педагогии Шенян таҷдид гардид. Созишномаи мазкур аз ҷониби профессор Ҷян Фенгчун, котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар Донишгоҳи педагогии Шенян ва дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, дар доираи сафари ҳайати Донишгоҳи педагогии Шенян ба шаҳри Хуҷанд дар чорчӯби Коргоҳи Мози ба имзо расид.
Мувофиқи созишномаи таҷдидшуда, кормандон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни ҳар ду муассиса метавонанд дар як қатор фаъолиятҳо, аз ҷумла таҳқиқоти муштарак, мубодилаи академӣ ва дигар ташаббусҳо ширкат варзанд.

Дар доираи ин сафар мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва рушд додани ташаббусҳои Коргоҳи Мози муҳокима шуданд. Суҳбат асосан ба пешбурди ихтисоси навтаъсиси Агротуризм дар доираи Коргоҳи Мози ва баррасии имконоти додани стипендияҳо ба донишҷӯёни фаъол барои такмили дониш ҳамчун донишҷӯёни мубодила дар Донишгоҳи педагогии Шенян равона шуда буд.
Илова бар рушди илмӣ-таълимӣ, имконияти гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Тоҷикистон ва Чин дар ширкатҳои маҳаллӣ низ баррасӣ гардид, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҳайати Донишгоҳи педагогии Шенян бо истиқболи гарму мусбат пазируфта шуд. Ҳамчунин, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, пешниҳоди роҳандозии барномаи таҳсилоти дуҷонибаро байни донишгоҳҳо ироа намуд, ки ин идея низ аз ҷониби ҳайати меҳмон бо хушбинӣ пазируфта шуд.
Умуман, суҳбат бо рӯҳияи хушбинона баргузор гардид ва ҳар ду ҷониб барои рушди ҳамкорӣ миёни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи педагогии Шенян иқдом доранд.

Санаи 25-уми сентябр дар ДИС ДДТТ Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни саноат ва донишгоҳ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳии директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. баромад намуда, меҳмонони гиромиқадрро хайрамақдм гуфта, ба кори Форуми байналмилалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло паёми Раиси вилояти Суғдро ба иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ расонида, зарурати баргузории чунин ҳамоишро бо иштироки олимони донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ кард.
Профессор Ҷианг Фенгҷун Котиби Кумитаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Донишгоҳи педагогии Шенян зимни суханронӣ ва баёни таманниёт оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Директори Академияи “Фаровон” – Баҳодурова Сулҳия оид ба мавзӯи “Маориф хароҷот нест, балки сармоягузорӣ аст” баромади пурмуҳтаво намуд.
Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни соҳаи саноат ва донишгоҳ як қадами муҳим дар рушди низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар замоне, ки барномаҳои таълимӣ бояд ба талаботи воқеии бозор мутобиқ гарданд, форум зарурати фаврии таҳия ва татбиқи моделҳои таълимии амалиро таъкид менамояд. Бо истифода аз таҷрибаи муваффақи ҳамкории байни донишгоҳ ва саноат дар Чин, ташаббуси Коргоҳи Мози назариёти навоваронаро пешниҳод намуда, ҳадаф дорад, ки илм ва навоварии саноатиро ба ҳам пайваст намояд. Ҳадафи он дастгирии ислоҳоти низоми маориф, мусоидат ба омӯзиши амалӣ ва ташаккули малакаҳои марбут ба иқтисодиёти муосир мебошад.
Дар идомаи Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни саноат ва донишгоҳ маърузаҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ шунида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Доктори илмҳои иқтисод, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ Зокирхонзода Муқадамхон дар мавзӯи “Дастовардҳо ва мушкилот дар ҳамкории донишгоҳ ва бахши саноат” маъруза намуд. Ҳамчунин оид ба иқтидори иқтисодии вилояти Суғд муовини сардори Раёсати рушди иқтисодӣ, шуъбаи савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Суғд –Қодиров Абдумавлон Абдураҳмонович, оид ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд: имкониятҳо ва имтиёзҳо, намояндаи Минтақаи озоди иқтисодии Суғд суханронӣ намуданд.
Оид ба мавзӯҳои “Интегратсия ва симбиоз: ташакулёбии марҳилаи нав барои эко-кишоварзӣ ва интегратсияи соҳаи саноат ва маориф” декани Коллеҷи илмҳои табиӣ, Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин – профессор ЖАН ЯН, “Ҳамкории мактабхои олӣ ва саноат хамчун шарти пешакии маълумоти олӣ дар мисоли Лаҳистон”, муовини ректор оид ба илм, Донишгоҳи Повисланскии Лаҳистон – доктор ТОМАШ БОЯР-ФИЯЛОВСКИЙ, “Таъсири микроорганизмҳо ба ҷамъшавии карбон дар хок ҳангоми коркарди консервативӣ” профессори Коллеҷи илмҳои табиӣ, Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин – доктор ТЯНТЯН ЧЖЭН, “Механизми SlSR3L дар хушксолӣ абсиссияи гули помидор” профессори Коллеҷи илмҳои табиӣ, Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин – доктор САИ ВАНГ, “Ташаккули якҷояи оянда: Модели Лауреа барои ҳамкории саноат” мутахассиси робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи илмҳои амалии ЛАУРЕА, Финляндия – СААРА ВЕСТУ баромад намуданд.
Дар идомаи Форум директори ҶДММ “Комрон Агро” – номзади илмҳои техникӣ АСАТУЛЛОЕВ ИСКАНДАР оид ба “Мушкилот ва муаммоҳои моҳипарварӣ дар вилояти Суғд”, Сардори дафтари лоиҳа дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ШАРИПОВ САИД АҲМАДОВИЧ оид ба “Афзалиятҳо ва мушкилот барои рушди соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлим”, профессори Коллеҷи илмҳои табиӣ, Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин – доктор ТЯНЯН СЮ дар мавзӯи “Камбудиҳои назорати химиявии анъанавӣ ва самти нави назорати экологӣ”, доктори илмҳои техникӣ, профессори ДКМТ – РОЗИҚОВ ЗАФАР АБДУҚАҲОРОВИЧ дар мавзӯи “Лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об дар Донишгоҳи кӯҳию металлургии Тоҷикистон”, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд -ДОМУЛЛОЕВ БОБОҶОН ДОМУЛЛОЕВИЧ дар мавзӯи “Истифодаи инноватсия дар рушди пахтакорӣ”, декани факултети иқтисод ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ – дотсент ҲАКИМЗОДА МАЪРУФ перомуни “Саноатикунонии бахши кишоварзӣ дар вилояти Суғд”, мутахассиси калони шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ – Исфандиёр Рофиев оид ба мавзуи “Ҳамкорӣ байни соҳаи саноат ва донишгоҳ ҳамчун муҳаррики инноватсия дар Тоҷикистон”, намояндаи минтақаи озоди иқтисодӣ Раҳимова Умеда оид ба мавзуи “Имкониятҳо ва имтиёзҳои минтақаи озоди иқтисодии Суғд”, дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – СОБИРОВ МУРОД СОБИТҶОНОВИЧ оид ба “Зуҳуроти раванди биёбоншавии захираҳои замини Тоҷикистони Шимолӣ ва имкониятҳои бартарафнамоӣ, магистри Коллеҷи илмҳои табиӣ, Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин – ҶИА ШИНЮ оид ба масъалаи “Paraburkholderia sp. GD17 зарар зери фишори хушксолӣ тавассути индуксияи кислотаи абсисӣ барои танзими масири аминокислотаҳои занҷирдор ва тозакунии ROS” андешаронӣ намуданд.
Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни соҳаи саноат ва донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардида, маърузаҳои пурмуҳтаво мавриди муҳокима қарор дода шуда, беҳтарин иштирокчиён бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *