Рӯзи 1 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 13-уми декабри соли равон ташрифи делагатсияи Донишгоҳи пегадагогии Шенян дар ҳайати 8 нафар устодону донишҷӯён ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ оғоз гардид. Делегатсияро устодони Донишкада самимона пешвоз гирифта, вориди утоқи кории Маркази байналмилалӣ гардиданд. Дар ҳамин рӯз 3 презентатсия дар мавзӯи “Маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти Донишкада”, “Маълумоти умумӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Маълумот оид ба фарҳанг ва самти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи устоди Донишкада Абдуллоев Нуриддин бо забони чинӣ манзури меҳмонон гардонида шуд. Дар раванди намоиши презентатсия саволу ҷавобҳо низ баргузор шуд. Бо ҳамин рузи аввали ташриф ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *