
Рӯзи 5 “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд
Санаи 17-уми декабр бо ҳайати делегатся ба яке аз ширкатҳои бузурги вилояти Суғд ширкати “Фаровон” ташриф овардем. Моро муаллимма Баҳодурова С.А. пешвоз гирифт ва сипас дар маҷлисгоҳи хурди ширкат дар дар бораи самтҳои фаъолити ширкат ба мо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Баъдан, аз лабаратория, утоқи назорати таҷҳизотҳо, раванди истеҳсоли орд ва анбори маҳсулоти тайёри ширкат дидан намудем. Боиси зикр аст, ки ширкати “Фаровон” бо Донишкадаи мо дар якчанд самтҳо ҳамкорӣ дорад. Дар фарҷоми ташриф муаллима Баҳодурова таклиф намуд, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои чиние, ки бо Донишкадаи мо ҳамкорӣ доранд метавонанд бевосита омада таҷрибаи худро дар ширкат гузаронанд. Дар навбати худ делегатсияи Донишгоҳи пегадагогии Шенян намояндагони ширкатро ба Донишгоҳи худ барои шиносоӣ даъват намуд.