
Рӯзи охирини “Лагери зимистонаи Коргоҳи Мозӣ” дар шаҳри Хуҷанд
Дар рӯзи охирини “Лагери зимистона”, санаи 19 декабр дар бинои №2-и факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, дар синфхонаи “Коргоҳи Мозӣ” қисми дуюми дарси устод Охунов Ф. давом дода шуд. Дар ин қисмати дарс донишҷӯёне, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд бо истифода аз ҷадвали “canvas” баромадҳо тайёр намуда, баромад карданд. Баъдан, маросими қадршиносии донишҷӯён оғоз гардид. Сардори маркази робитаҳои байналмилалӣ устод Мухторов С.С. барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудан ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёну устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ва Донишгоҳи пегадагогии Шенян аз номи директори Донишкада муҳтарам Ҷалилзода А.А. ва аз номи худ ҳамагонро табрику таҳниятҳо гуфта, ба ҳар як иштирокчии “Лагери зимистона” сертификатҳоро тақдим кард. Баъд аз тақдими сертификатҳо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи пегадагогии Шенян низ изҳори миннатдории худро ба Донишкадаи мо баён намуданд. Бо ҳамин “Лагери зимистона” ба анҷом расид.