Маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш.Хуҷанд

Санаи 20 августи соли 2024 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид. Мавриди тазаккур аст, ки маркази мазкур дар доираи барномаи маблағгузории Вазорати маорифи музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин созмон дода шуда, аз тарафи Донишгоҳи омӯзгории Шэняни дар якҷоягӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

Барои баргузории ин чорабинии тантанавӣ, аз шаҳри Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин 17 нафар аз қатори кормандони раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Шэнян ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Гуруҳи корӣ бо роҳбарии котиби ҳизби коммунистии Факултети таҳсилоти байналмилалӣ, ҳамоҳангсози барномаи Коргоҳи Мози, ҷаноби Сун Фугуан ва котиби ҳизби коммунистии Факултети санъат, профессор Ван Сиадун, аз ҷумла декани Факултети илмҳои табиӣ профессор Джан Ян, декани Факултети идораи туризм Суи Син ба ин чорабинӣ ташриф оварданд.

Дар оғози маросими ифтитоҳ, намунаҳои барҷастаи фарҳанги классикии мардуми Чин аз ҷониби устодону донишҷӯёни Мактаби санъати Донишгоҳи омӯзгории Шэнян муаррифӣ гардида, баромади ҳунармандон бо ваҷду сурури хоса истиқбол гардид.

Дар маросими ифтитоҳ сухану паёмҳои табрикотӣ аз ҷониби муассисон ва шарикону меҳмонони чорабинӣ ироа гардид. Аз ҷумла дар ин ҳамоиш чунин баромадҳои асосӣ ҷой доштанд:

Сухани шодбошии раёсати ДИС ДДТТ аз ҷониби ҷонишини директори ДИС ДДТТ дотсент Мирпочоев Д.А. Дар баромад қайд карда шуд, ки Тоҷикистон чун аъзои Созмонии Ҳамкории Шанхай ва иштирокчии ташаббусҳо дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд як роҳ” саҳми Ҷумҳурии мардумии Чинро дар тараққиёти минтақа, аз ҷумла дар рушди фарҳангу таҳсилот хеле баланд арзёбӣ мекунад ва имрӯзҳо донишгоҳҳои Тоҷикистон муносибатҳои байналмилалиро бо ҳамкорону шарикони Чин бо суръати хеле баланд вусъат дода истодаанд. Дар хулоса таъсисдиҳии Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд чуни намунаи барҷастаи чунин иқдомот арзёбӣ гардид.

Сипас, сухани табрикотии котиби ҳизби коммунистии Факултети таҳсилоти байналмилалӣ, ҳамоҳангсози барномаи Коргоҳи Мози, профессор Сун Фугуан аз изҳори миннатдорӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раёсати ДИС ДДТТ барои дастгирии ҳамаҷонибаи шарикии байни донишгоҳҳо оғоз гардид. Пас аз он, вобаста ба дастовардҳои ду донишгоҳҳо дар 2 соли охир ва имкониятҳои нав, ки Коргоҳи Мози ба ҳамагон дастрас менамояд гуфта шуд. Боиси қайд, аз ки дар доираи Коргоҳи Мози 13 нафар коршиносон аз рӯи 4 модулҳо таи 10 рӯз барои бештар аз 85 нафар (аксари аз онҳо мутахассисони корхонаю ширкатҳои саноатии ватанӣ) шунавандагон курсҳои омӯзишӣ гузаронидаанд. Инчунин дар доираи лоиҳаи Коргоҳи Мози, барои тачҳизонидани Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд, маблағи зиёда аз 470,000 юан ҷудо гардидааст, ки дар шакли ноутбукҳо, СМАРТ-экранҳо, камераҳо, китобҳо ва ғайра ворид гардидааст. Барномаи Коргоҳи Мози ҷудо намудани 3 стипендияи пурраро барои донишҷӯёни ДИС ДДТТ барои таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнян ба нақша гирифтааст.

Машокиров Шӯҳратҷон – муовини директор оид ба таълим дар баромади худ қайд намуданд, ки иқдоми мазкур дар баланд бардоштани сифати таълим ва густариши иқтидори илмии донишгоҳ нақши калидӣ мебозанд. Марказҳои байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ тавассути ворид намудани усулҳои муосири тадқиқот ва омӯзиш ба такмили раванди таълим, тақвияти сатҳи донишандузии донишҷӯён, пайвасти таълим бо амалия мусоидат хоҳанд кард. Маҳз корҳои амаливу лабораторӣ, ки дар ин намуд марказҳо гузаронида мешаванд, барои такмили тафаккури интиқодии донишҷӯён таъсири мусбӣ расонида, сатҳи донишандӯзиро баланд мекунад.

Саидқосим Мухторов – ҳамоҳангсози Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд дар бораи қадамҳои аввалин, натиҷаҳои ба даст омада ва нақшаи стратегии марказ сухан карданд.

Хонум Ли Сияои – ҳамоҳангсози барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнян, аз номи ҶДММ Ширкати технологияҳои кишоварзии Ляонин Шиюан баромад намуда, оид ба дастгирии лоиҳаи мазкур, нақшаҳои корхона вобаста ба шарикӣ бо Коргоҳи Мози, аз ҷумла омода намудани мутахассисон дар Тоҷикистон ва бор кор таъмин намудани онҳо дар Чин аҳамияти махсус доданд.

Аҳроров Аҳрорхон – Директори департаменти рушд дар ҶДММ “Фаровон-1” ташкилёбии чунин марказҳоро талаботи замон дониста, вобаста ба сиёсати ҶДММ “Фаровон-1” дар ин самт гуфта гузаштанд. Номбурда қайд намуданд, ки дар бозори меҳнат, бӯҳрони мутахассисони баландихтисос дида мешавад ва сатҳи касбияти хатмкунандагони имрӯза мутассифона ба талаботи рӯзафзуни корхонаҳо ҷавобгӯ нестанд. Маҳз омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам, ҷорӣ кардани барномаҳои таҳсилоти замонавӣ, марказҳои муштарак, аз ҷумла бо Чин, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва касбияти ҷавонон зарур мебошад.

Пас аз баромадҳои расмӣ дар маросими ифтитоҳ, ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик ” ва ҶДММ “Комрон-Агро” барои ба роҳ мондани шарикӣ бо Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

 

Дар фарҷоми маросим аз ҷониби масъулин аз рӯи лавҳаи брендҳои рамзии лоиҳаи мазкур парда бардошта шуда, кушодашавии расмии онҳо эълон гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *