Ҳамкорӣ бо донишгоҳи шарики нав, аз шаҳри Сиани вилояти Шаанши, Ҷумҳурии Мардумии Чин!
Донишгоҳи Ҷиаотонги Сиан, мансуб ба даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои Чин буда, факултаи Менеҷменти донишгоҳ дар рейтинги факултаҳои менеҷменти тамоми донишгоҳҳои Чин ҷои аввалро ишғол менамояд.
Делегатсияи донишкадаи мо бо роҳбарии сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳукумати вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон Насимович ва директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба ин донишгоҳи бонуфузи Чин ташрифи расмӣ оварданд. Зимни ин ташриф бо муовини ректор, профессор Венхуа Шан дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ дар самти мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони илмӣ, коркарди лоиҳаҳои муштарак, барномаҳои таҳсилотии муштарак, мубодилаи таҷриба ва ташкили конференсия ва семинарҳои байналмиллалӣ суҳбат ороста шуд. Инчунин барои бастани созишномаи ҳамкорӣ бо якчанд факултаи Донишгоҳи Ҷиаотонги Сиан музокирот гузаронида шуда, тарафҳо оид ба аксарияти самтҳои ҳамкорӣ ба ризоият омаданд. Пас аз вохӯрии расмӣ дар факултаи Менеҷмент дар мавзуъҳои фаъолияти факулта, корҳои илмӣ тадқиқотӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ, имкониятҳои таҳсил дар факулта семинар гузаронида шуд. Инчунин ҳайати делегатсия дар музейи таърихии донишгоҳ аз таърихи асос ёфтани Донишгоҳи Ҷиаотонги Сиан аз наздик шинос карда шуд.
Вохӯрии мазкур басо муҳим буда, барои боз ҳам бештар ва хубтар ба роҳ мондани алоқаҳои шарикӣ бо донишгоҳҳои Чин саҳми назаррас мегузорад.