«ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023 ОНЛАЙН СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ ЧИН ба анҷом расид
Санаи 28 сентябри соли равон дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки ки лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян дар муддати 10 руз баргузор гардида, дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯён тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар рафти омӯзиш донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки малакаи забони чинии худро такмил диҳанд, нозукиҳои фарҳанги Чинро дарк кунанд ва аз омӯзгорони ботаҷрибаи Чин омӯзанд. Дар доираи дарсҳо донишҷӯён бо презентатсияҳои видеоӣ аз ҷониби муаллимони ботаҷриба аз Донишгоҳи омӯзгории Шенян шинос шуданд. Мавзӯҳо доир ба имло ва грамматика, мусиқӣ, ғизои чинӣ ва васеъ гардонидани луғати муфиди чиниро дар бар гирифт.
Дар рафти чорабинӣ хонум Ван Руи аз Донишгоҳи педагогии Шенян оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва арзу сипоси худро баён намуд. Инчунин таъкид кард, ки дар оянда самти ҳамкориҳои ду донишгоҳ боз ҳам васеъ хоҳад шуд.
Ҳамоҳангсози барнома хонум Ли Сзиаойи аз Донишгоҳи педагогии Шенян, рафти семинари мазкурро роҳбаладӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ – Мухторов Саидқосим дод.
Мухторов Саидқосим барои мизбонии ин лоиҳаи омӯзишии тариқи онлайнӣ, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзиши курси забони чинӣ, ки соли дуввум идома дода истодааст, изҳори сипос кард. Зимни суханронӣ Ӯ қайд кард, ки тибқи арзёбии донишҷӯён, курси онлайн муфид буд ва барои забономӯзон муошират кардан бо омӯзгорони ботаҷрибаи забони чинии Донишгоҳи педагогии Шенян хеле муҳим буд
Аз тарафи донишҷӯёни ДИС ДДТТ ки айни ҳол дар Донишгоҳи педагогии Шенян таҳсили худро идома дода истодаанд арзу сипоси худро бо забони чинӣ ба устодони Донишгоҳи педагогии Шенян баён намуданд, ки ин ба онҳо хеле писанд омад.
Аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҷамолова Фарзонахон ва Аслиддинова Суман ба ҳамаи муаллимон барои саҳми калон ба ҳар як талаба миннатдории худро баён намуда, зикр намуданд, ки минбаъд идомаи омӯзиши забони чиниро нигоҳ медоранд ва имконяти таҳсил кардан ба Донишгоҳи педагогии Шенянро пайдо кунанд.
Дар охири чорабинӣ ба ҳамаи иштироккунандагон шаҳодатнома супорида шуд.