Тақвияти ҳамкории ДИС ДДТТ бо Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд босуръат рушд намуда истодааст. Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии донишкада –тақвият додани раванди байналмилалигардонии таҳсилот ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ раёсати Донишкада тасмим гирифтааст, ки мубодилаи академии устодон ва донишҷӯёнро бо Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсеа диҳад.


Санаи 4 декабри соли 2023 ҳайати устодон ва донишҷӯёни донишкада барои мубодилаи байналмилалии устодону донишҷӯён ба Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари хизматӣ сафарбар карда шуданд.
Худи ҳамон рӯз, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.и. Мирпочоев Д.А., декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.и. Шарипов З.У., мудири шӯъбаи таҳсилоти дуалӣ ва омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ н.и.и. Бухадиров Ҳ.И., мутахассис оид ба лоиҳаҳои байналмилалӣ дар Маркази муносибатҳои байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ Қобилов Ш.А., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон н.и.и. Азизова Ш.Ғ. бо декани факултети идоракунии истеҳсолот Нурматов О.Т. вохӯрда оид ба самтҳои ҳамкорӣ дар ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тиҷоратикунонии илм, такмили ихтисоси устодон, мубодилаи академии устодон ва донишҷӯён муҳокима намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *