Ташрифи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Вазири маориф ва илм бо пояи моддию техникии донишкада, шароити таҳсил, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти комиссияи қабул шинос гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омўзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, зиёд намудани гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, шароит фароҳам овардан барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҷалби бештари хатмкунандагон барои таҳсил дар донишгоҳ дастуру маслиҳатҳои судманд дод.
Ҳамчунин аз ҷониби вазир таъкид гардид, ки моро зарур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талоши созанда намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ва ба низомҳои стандарти байналхалқӣ мувофиқ намудани низоми таълим кўшиш ба харҷ диҳем.
Директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода вобаста ба дастовардҳои муассиса, вазъи таълиму тарбия, пояи моддию техникӣ, теъдоди устодону донишҷўён маълумот дода, зикр намуд, ки заминаи моддию техникии донишкада ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Муассисаи мазкур дорои зиёда аз 800 адад компютерҳои фардӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад доскаҳои электронӣ, 107 адад проекторҳо, 18 адад экран барои проектор ва 178 адад камераҳои назоратӣ буда, биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин дар муассиса як китобхонаи электронӣ ва ду китобхонаи муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 6 синфхонаи лингофонӣ, 8 синфхонаҳои компютерӣ, бонки таълимию инноватсионӣ, бонки инноватсионии “Тавҳидбонк”, кабинети фанни омор бо компютерҳои барномаҳои муосири ҳисоби оморӣ, кабинети махсус барои омўзонидани барномаи 1С – корхона, Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ, ки аз “Лабораторияи барномасозӣ”, “Лабораторияи WEB-дизайн”, “Лабораторияи инженерияи рақамӣ” иборат аст, озмоишгоҳҳои “Молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ”, “Криминалистика” WEB-студия, ду толори фитнес, ду адад майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол, ду адад маҷлисгоҳ бо 250 ва 100 ҷойи нишаст, толори Шўрои олимон, толори конференсия, толори робитаҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири иттилоотӣ барои баргузор намудани конференсияҳои маҷозӣ, ду адад ошхона, хобгоҳи донишҷўён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Биноҳои таълимӣ дорои буѓхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.
Дар охир директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода ба вазири маориф ва илми кишвар барои ташриф ба Донишкада, дастгирии аҳли маориф, сиёсати бомуваффақона дар рушди соҳаи маориф ва дастуру пешниҳодҳои судманд изҳори сипос намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *