Ҳамкории байналмилалӣ байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи Лауреаи ИА

Устодон ва магистрантони ДИС ДДТТ, ки рӯзҳои наздик ба Донишгоҳи Лауреаи Финландия мераванд, дар рӯзи дуввуми мулоқот бо меҳмонон шинос шуда, сӯҳбатҳо гузарониданд.

Сараввал муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Мирпочоев Д.А. ва мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Камолов Фарух дар бораи фарқиятҳои интернатсионализатсияи илмӣ, дарсҳои амалию лексия ва кори мустақилонаи донишҷӯёни Донишгоҳи Лауреа ва ДИС ДДТТ андешаронӣ карданд.

Баъдан мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Исмоилова Мутриба дар бораи таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ суханронӣ карда, изҳор намуд, ки мехоҳад дар давоми мобилияти худ бо донишҷӯёни хориҷа аз наздик шинос шуда, фикру ақидаҳои онҳоро фаҳмад. “Ҳар забон як ҷаҳони том аст. Забон на танҳо мавзӯи омӯзиш, балки рӯҳи зиндаи мардум, шодӣ, дард, хотира, ганҷинаи онҳо мебошад”.

Муаллимаи калони кафедраи забонҳои хоричӣ Сидиқова Гулсара дар бораи фарқи байни системаҳои таълимии Донишкадаи мо ва Донишгоҳи Лауреаро пурсон шуда, маълумоти заруриро дарёфт намуд.

Инчунин сармутахассис оид ба карера ва таҷрибаомӯзӣ, дотсент Буходиров Ҳабибулло перомуни рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён маълумот дода, дар ин самт оид ба чи тавр гузаштани таҷрибаомӯзиҳо, гузаронидани лексияҳо дар амал ба шакли таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи Лауреа пурсон шуд.

Дар охир магистрантони ДИС ДДТТ, ки мобилияти худро дар соли 2023-2024 дар Донишгоҳи Лауреаи Финляндия идома медиҳанд, худро муаррифӣ намуда, омодаи таҳсил дар хориҷи кишварро иброз доштанд. Инчунин, Конрад Ляру ва Илка Куркела ба онҳо шаҳодатномаҳои стипендия супориданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *