Донишҷӯён

Ғолибони барномаи Эрасмус+ ба

 Донишгоҳи менеҷменти Варна,

Булгория соли 2021-2022

Сатторов Суҳроб

Сатторов Суҳроб – ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон”,  курси 4  дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳсил менамояд. Ӯ ғолиби озмуни  Олимпиадаи Вилоятӣ дар соли 2020-2021 аз фанни забони англисӣ ҷои 2-юмро ишғол намудаст. Машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хондани китобҳо, сайёҳӣ ва сайру гашт мебошад. Соли равон ӯ яке аз ғолиби барномаи мубодилаи Эрасмус+ буда, соҳиби стипендия гашт. Айни ҳол таҳсилашро дар Донишгоҳи менеджменти Варнаи (ДМВ) шаҳри Булғория давом дода истодааст.

 

Мукаррамов Сӯҳроб

Мукаррамов Сӯҳроб донишҷӯи курси 3юм, ихтисосаш “молия ва қарз дар фаъолияти иктисодии беруна” дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мебошад. Айни ҳол хатмкунандаи барномаи Эрасмус+ буда, дар Донишгоҳи менеджменти Варна таҳсил дорад. Сӯҳроб Мукаррамов яке аз фаъолтарин донишҷӯ мебошад ва ӯ дорандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2020-2021 гаштааст. Инчунин, ӯ дар маркази омӯзиши “Шекспир” дар шаҳри Хуҷанд мураббии забони англисӣ мебошад. Машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯ таълими курсҳои мубоҳисавӣ ва кор бо донишҷӯён мебошад. Шиори зиндагии ӯ: “Ҳудуди забони ман ин ҳудуди ҷаҳони ман аст” мебошад.

 

Ачилова Рухшона

Ачилова Рухшона донишҷӯи курси 3юм, ихтисоси “иқтисодиёти ҷаҳон” дар ДИС ДДТТ мебошад. Волонтёр, мубоҳиса, мураббӣ дар барномаи “Technovation girls” мебошад. Ба лоиҳаҳои стартап, тренингҳо ва семинарҳо таваҷҷӯҳи махсус дорад. Дар оянда мехоҳад фаъолияти худро дар соҳаи тиҷорат пеш барад.  Иқтибоси дӯстдоштаи ӯ: “Агар инсон чизеро бихоҳад, тамоми олам ӯро ҳамроҳӣ мекунад” Пауло Коэло.

 

Шукуров Қурбонмаҳмад

Шукуров Қурбонмаҳмад донишҷӯи курси 4, ихтисоси “иқтисодиёти ҷаҳон” дар ДИС ДДТТ. Ӯ такмил додани дониши худ ва омӯхтани забонҳои хориҷиро дӯст медорад. Дар оянда мехоҳад дар корхонаҳои байналмилалӣ кор кунад. Ҳамчун баҳскунанда ба маҳфилҳои мубоҳисавӣ ва стартапҳо таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Одатан вақтҳои холигии худро ба мутолиаи китобҳо ва бо машғули варзиш мегузаронад.  Шиори зиндагии  ӯ “Як маротиба зиндагӣ мекунем, ва онро хуб гузаронем басанда аст!”

 

Солиев Шероз

Солиев Шероз донишҷӯи курси 4-ум буда, ихтисосаш “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар Донишкадаи иҷтисод ва савдои ДДТТ мебошад. Ӯ айни ҳол ба омӯхтани забонҳои англисӣ ва хитоӣ шавқи зиёд дорад. Яке аз шиори дустоштаи ӯ: “Яке аз сирри мувафақият ин боварӣ ба худ мебошад!”

 

Абдуллаева Шаҳзода

Абдуллаева Шаҳзода дошҷӯи курси 3-юм ихтисосаш “иқтисодиёти ҷаҳон” дар ДИС ДДТТ мебошад. Шаҳзода ба ҷуз аз ихтисосаш ба дизайни графикӣ ва наворбардорӣ низ таваҷҷӯҳ дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аккаунтҳои гуногунро фаъолона ба пеш мебарад ва худро дар соҳаи SMM ва маркетинг меозмояд. Ӯ таҷрибаомӯзи лабораторияи зеҳни сунъии “Tajrupt” буда, плакатҳо ва наворҳои таблиғотӣ эҷод мекунад. Ба қавли Шаҳзода: “Мехоҳам чизҳои гуногунро бисанҷам, то даме ки худро пайдо кунам ва касбамро дарк намоям”.

 

Шарифов Муҳаммадфарид

Шарифов Муҳаммадфарид донишҷӯи курси 4-ум ихтисосаш “иқтисодиёти ҷаҳон ” дар ДИС ДДТТ мебошад. Айни ҳол дар Донишгоҳи менеджменти Варна таҳсил дорад. Ӯ ба бизнес-стартап,  омӯзиши бизнес ва курсҳои мубоҳисавӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад.  Маҳорати касбии ӯ: кор кардан бо гурӯҳҳо, идоракунии лоиҳаҳо ва малакаи муошират мебошад. Яке аз таҳлилгарони тиҷории ширкати “Top Consulting” абуда, мехоҳад дар арсаи иқтисод ва тиҷорат карераи байналмилалӣ созад. Шиори зиндагии ӯ: ” Бузургтарин шӯҳрат дар зиндагӣ дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ афтидан нест, балки дар он аст, ки ҳар вақте ки мо афтодем, эҳё мешавад. -Нелсон Мандела

 

Иштирокчиёни барномаи Эрасмус+ таҳсили худро дар

Донишгоҳи Кантабриа оғоз карданд, Испониё, 2020-2021

 

Хусрав Мамадҷонов

Хусрав Мамадҷонов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон таассуроти худро оид ба барномаи Erasmus+ дар Донишгоҳи Кантабриа (Universidad de Cantabria) баён дошт:
Эрасмус барои ман яке аз рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданист.Ту ҳеҷ гоҳ онро аз хотир намебарорӣ, хуб, аз фурсат истифода бурда, кори дилхоҳи худро анҷом деҳ. Боду ҳавои Сантандер маро дар ҳайрат мононд. Архитектураи куҳнаи Испониё, уқёнус, фарҳанг ва маданияти баланди сокинонаш Сантандерро ба шаҳри беҳтарин табдил медиҳанд. Ҳатто дар вақти карантин аз пандемияи коронавирус вақти худро хеле хуб гузаронидам. Ман бо дилпурӣ ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин яке аз хотираҳои ширин ва таҷрибаи беҳтарин дар ҳаёти ман буд.
Баҳруллои Сангинзода

Баҳруллои Сангинзода, донишҷӯи курси 4-уми иқтисодиёти ҷаҳон. Мубодила бо барномаи Эрасмус+ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабриа.
Давраи тиллоии зиндагӣ солҳои донишҷӯист, иловатан агар дар ин давра дар хориҷи кишвар таҳсил намоӣ, бо одамони гуногун аз дигар миллату кишварҳо шинос шуда, ошноӣ пайдо кунӣ, бо фарҳангу маданияти дигарон ошно шавӣ ва забони хориҷиро биомӯзӣ. Ин ҳама имкониятро барои мо барномаҳои Эрасмус муҳайё месозад. Ҳамроҳ шудан ба барномаи Эрасмус+ ва таҳсил муддати шашмоҳ дар Донишгоҳи Кантабриа бароям беҳтарин фурсати зиндагӣ маҳсуб мешавад. Ман таҷрибаи навро на фақат дар соҳаи ихтисосам гирифтам, балки дар ҳаётам низ он таъсири гуворои худро расонид. Эрасмус зиндагии маро дигаргун сохт ва барои васеъ кардани донишам ва аз нуқтаи дигар назар кардан ба атроф ба ман имконияти хуб фароҳам овард. Ин таҷрибаҳое, ки дар хориҷи кишвар гирифтам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Маҳмудҷон Бойматов

 Маҳмудҷон Бойматов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон таассуроти худро оид ба барномаи Erasmus+ дар Донишгоҳи Кантабриа (Universidad de Cantabria) баён дошт:
“Дар синни бистсолагӣ Эрасмус+ ба ман рӯзҳои беҳтарин ва хотирмон эҳдо кард. Дӯстони нав, хотираҳои ҳайратангез, таҷрибаи калон ва инчунин ман фаҳмидам, ки он чизе, ки дар ҷаҳон будааст, ҳоло бисёр чиҳоро надидаам ва таҷриба наомӯхтаам ва маҳз ин маро ҳавасманд кард, барои бештар омӯхтан, саёҳат кардан ва аз ҳар лаҳзаҳои хуб самаранок истифода бурдан. Эрасмус+ ба ман имконият дод, ки бо профессорон, инсонҳои наҷиб ва бо одамони машҳури ҷаҳон шинос шавам ва донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоям.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пандемия аст, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таасуроти ман хеле зиёд аст. Ба донишҷӯёни азизи донишкада муроҷиат менамоям, ки имконияти худро аз даст надиҳед, аз барномаи Эрасмус самаранок истифода баред, таҳсили худро дар машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон идома диҳед.
Хусрав Мамадҷонов, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон
Эрасмус барои ман яке аз рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданист.Ту ҳеҷ гоҳ онро аз хотир намебарорӣ, хуб, аз фурсат истифода бурда, кори дилхоҳи худро анҷом деҳ. Боду ҳавои Сантандер маро дар ҳайрат мононд. Архитектураи куҳнаи Испониё, уқёнус, фарҳанг ва маданияти баланди сокинонаш Сантандерро ба шаҳри беҳтарин табдил медиҳанд. Ҳатто дар вақти карантин аз пандемияи коронавирус вақти худро хеле хуб гузаронидам. Ман бо дилпурӣ ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин яке аз хотираҳои ширин ва таҷрибаи беҳтарин дар ҳаёти ман буд.

Беҳтарин ғолиби 4 финалисти ICM ба Донишгоҳи
КОРДОБА, Испания,  дар соли 2020-2021 
Манижа Набиева

Манижа Набиева,  ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар ДИС ДДТТ. Мубодила бо барномаи Эрасмус+, донишҷӯ дар Донишгоҳи Кордоба.
Донишҷӯ будан дар 6 моҳи таҳсил дар Испониё бо барномаи Эрасмус+ барои ман фаромушнашаванда буд. Пеш аз омадан ба ин ҷо таҷрибаҳои ман аз интизориҳоям зиёд буданд. Ин ҳақиқат аст. Ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки мо пандемияи Ковид-19-ро вомехӯрем. Лекин ман ҳеҷгоҳ интихоби худро рад намекардам. Ман бояд қабул кунам ва ростқавл бошам, ин моҳҳо аз беҳтарин моҳҳо дар ҳаёти ман буданд, ки ман дар ҳақиқат дунёро ва худамро дар атрофи одамон дидам. Бо дӯстони содиқ ва бо ҳамсояҳои хуб ошно гаштам. Мехоҳам барои ин лаҳзаҳо, барои ин шодиву хотираҳо миннатдории худро баён кунам. Мо ҳар лаҳза хурсандиро ҳис мекардем, дар ҳақиқат бо одамони хуб будему ҳастем. Фикр мекунам, ки ман хушбахтаринам, ки бо чунин одамони хуб мулоқот доштам.

Фахриддин Фаррухзода
Фахриддин Фаррухзода, донишҷӯи курси сеюми иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё барномаи Эрасмус+ KA107.
Барномаи Эрасмус ин имконияти хуб барои донишҷӯён, барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии худ, бо маданияти нав шинос шудан ва донишашонро баланд бардоштан, мебошад. Эрасмуси ман дар Кордоба фаромушнашаванда буд, ки дар ҳақиқат Кордобаи таърихӣ шаҳри зебо аст. Аз дигар кишварҳо дӯстони бисёре пайдо кардам, нисфи соли ҳаётам бо онҳо гузашт. Маданияти нав, эҳсосҳои нав ва ҳаячони фараҳбахш. Эрасмус якто – Эрасмус то абад!
Фаридун Тоҷиев

Фаридун Тоҷиев, донишҷӯи курси 4, хатмкунандаи Донишгохи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107.
Барномаи Эрасмус барои донишҷӯён ёфтани малака ва роҳбариро меомӯзад. Барои маданияти гуногунро омӯхтан ва забонҳои дигар кишварро аз худ кардан имконияти хеле хуб медиҳадд. Ташаккур ба EU барои дастгирӣ. Эрасмус ба мо дӯстони нав, дониши нав ва ҳавасмандии калон мебахшад!

 

 Очилов Маъруфҷон

Очилов Маъруфҷон, донишҷӯи курси 4 ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, хатмкунандаи Донишгоҳи Кордоба, Испониё, барномаи Эрасмус+ KA107.
Эрасмус ин на як сол ҳаёти ту, балки ҳаёт дар як сол мебошад. Ин на фақат сухан аст. Эрасмус ҳаётамро дигаргун кард. Шумо гуфта метавонед, ки ман ҳам яке аз сокинони Испониё гаштаам. Барнома на фақат барои амалӣ гаштани орзуҳоям кӯмак кард, балки дар пешрафту такмили донишу ихтисосам низ заминаи мусоид фароҳам овард.