Мубодилаи байналмилалии кредитии Донишкада бо Донишгоҳи Варна

Донишгоҳи менеҷменти Варнаи Булғория яке аз шарикони стратегии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар доираи якчанд лоиҳаҳо ва барномаҳо ҳамкории зич дорад. Ба хотир меорем, ки дар доираи лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ зиёда аз 11 омӯзгорони Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз он ҷумла ректори донишгоҳи номбурда ҷаноби Тодор Радев ба донишкадаи мо, ба шаҳри Хуҷанд ва 4 омӯзгорони донишкадаи мо ба шаҳри Варна сафарҳои корӣ-омӯзишӣ доштанд. Байни мактбатҳои олии номбурда меморандум оид ба ҳамкориҳои бисёрсамта баста шуда буд.

Ҳамкориҳои мо дар асоси шартномаи дутарафаи дар чаҳорчӯбаи барномаи Эрасмус+ баста шуда оид ба амалигардонии лоиҳаи Мубодилаи байналмилалии кредитӣ КА107 давом дода истодааст. Дар семестри якуми соли хониши 2021-2022 дар доираи лоиҳаи номбурда 7 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ барои таҳсил дар Донишгоҳи менеҷменти Варна соҳиб роҳхат гаштанд.

Санаи 14-уми сентябри соли 2021 дар ҷаласаи раёсати донишкада аз ин дастоварди арзанда аҳли ҷомеаи меҳнатӣ огоҳ гардиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба гирандагони стипендияи Эрасмус+ сертификатҳоро тақдим намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон дар хориҷи кишвар барору комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада барои гирифтани раводиди Булғория чораҳои омодагӣ ва ташкилии зарури гирифта, бо хароҷоти кам ва зуд гирифтани раводидро таъмин намуд. Ҳамаи 7 нафар соҳиби раводид гаштанд ва санаи 21 сентбряи соли 2021 ба шаҳри Добричи Булғория сафар намуданд.

Минбаъд шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада аз фаъолият, таҳсил, зисту зиндагонӣ ва пешрафти онҳо якҷоя бо ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи менеҷменти Варна маълумотҳои заруриро дастрас намуда, аз тарафи худ барои расонидани ҳаргуна машваратҳо ё кӯмакҳои техникӣ омода аст.

Тамоми хароҷотҳои вобаста ба сафари ва таҳсили онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда шуда, инчунин бо стипендияи моҳона таъмин карда мешаванд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *