Ҳамкории дуҷониба байни Донишгоҳи ТИ Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хорезмӣ ва Донишкадаи ицтисод ва савдои ДДТТ

Дар доираи ҳамкории дуҷониба санаи 29 ноябри соли 2021 байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи технологияи информатсионии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ дар ш.Ургенҷ вохӯрӣ байни омӯзгорон гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар аз тарафи филиали Донишгоҳи технологияи информатсионии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ дар ш.Ургенҷ дотсент Машарипов Санъатбек ва дотсент Худайбергенов Темур ва аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., Д.Мирпочоев, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ С.Мухторов, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ А.Юсупов, мудири кафедраи математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ А.Ваҳҳобов, мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат А.Ҷабборов ширкат варзиданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба роҳ мондани имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тадқиқот ва илм, лоиҳаи ТИ, барномаҳои мобилӣ, инчунин коромӯзии ҳайати омӯзгорон мавриди назар қарор дода шуд. Нимаи дуюми рӯз вохӯрии меҳмонон Машарипов Санъатбек ва Худайбергенов Темур бо донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ ва технологияи информатсионии ДИС ДДТТ баргузор гардид.

Дар анҷом пеш аз ҳама имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар оянда амалӣ намудани барномаҳои мубодилаи донишҷӯён тасмим гирифта шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *