Анҷоми семинари мобилӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва пайвастан ба системаи ҷаҳонӣ муносибатҳои байналмилалии худро бо Донишгоҳҳои хориҷа васеъ гардонида истодааст.Ҳафтаи гузашта санаи 25 ноябри соли равон, мо силсилаи семинари мобилии худро дар доираи лоиҳаи UNICAC ба анҷом расонидем. Бояд хотиррасон намуд, ки аз санаи 18 октябр то 25 ноябри соли 2021 дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ҳамроҳи Донишгоҳи Лауреа (Финландия), ва ҳамкорони UNICAC силсила семинарҳо оид ба мавзӯи “Бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ” гузаронида шуд.

Дар чорабинии панелӣ профессор Тиина Викстром аз донишгоҳи Лауреа, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ Саидқосим Мухторов, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Фирӯз Ҳошимов ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шаҳноза Шарипова, инчунин аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нозима Ҳасанова, аз донишгоҳи Шимолу-Ғарби кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии мардумии Чин доктор Фенгсин Ян ширкат варзиданд.

Барномаи семинар бо презентатсия оғоз гардид ва гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд, ки омӯзгорон бо мавзуъҳои гуногун барои донишҷӯёни хориҷае, ки аз давлатҳои Испания, Италия, ва Финландия буданд, баромад намуданд.  Оид ба мавзуъҳои пешниҳод шуда, муҳокима доир гардид. Cараввал бо сухани ифтитоҳӣ модератор Тиина Викстром баромад намуд. Дар баромади худ ӯ тамоми мавзуъҳои семинарро, ки дар давоми 8 ҳафта гузаронидаем, ҷамбаст кард.

Мавзӯҳои умумии семинар:

  • Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ;
  • Салоҳияти фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ;
  • Устуворӣ дар ҳаёти ояндаи корӣ;
  • Мустаҳками бизнеси байналмилалӣ ва ҳамкорӣ;
  • Ояндаи роҳбарӣ;
  • Корҳои технология дар ҳаёти ояндаи корӣ;

Аз рӯи ин мавзуҳо иштирокчиёни семинар дар соҳаи фарҳанги байналмилалӣ, роҳбарӣ, технология дар замони муосир, бизнеси сиёсӣ, проблемаҳои глобализатсионӣ, мавзуъҳои инноватсионӣ ва мураккаб ва ғайра таҷрибаи хуб пайдо карданд.

Дар рафти чорабинӣ Тиина Викстром дар мавзӯи “Мо дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ мекунем” маърӯза карда, зикр намуд, ки: “Мо дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ мекунем, ки дар он мо худро аз устуворӣ то мустаҳкамӣ мебинем ва сипас шоҳиди фалокат дар як кишвар ва сулҳу осоиштагӣ дар дигар кишвар мешавем. Ҷаҳони мураккаб ин аст, ки мо бо ҳолатҳои пандемия мубориза карда истодаем ва мебинем, ки тағироти босуръати глобалӣ, ки яке аз онҳо обхезӣ, хушкӣ, вазъиятҳои бесарусомонӣ, гушнагӣ мебошад. Мумкин ин ҳалли осон набошад, аммо мо бояд ба мардум муроҷиат кунем”.Пас аз он, барои муҳокима дар гурӯҳҳо бо донишҷӯёни хориҷӣ чанд савол дода шуд:

– Дар соҳаи омӯзиши ман чӣ гуна душвориҳо мавҷуданд? Чаро?

– Дар Ватани ман чӣ гуна вазъияти мураккаб ба амал меояд? Чаро?

– Табиат дар соҳаи омӯзиши ман чӣ гуна дахл дорад? Чаро?

– Барои ман устуворӣ чӣ маъно дорад?

– Мехоҳед роҳбар бошед? Чаро?

– Мушкилоти калонтарин дар бахшҳои таҳсил ё кори ояндаатон кадомҳоянд? Барои ҳалли он чӣ гуфтан мумкин аст?

– Оё технология барои ояндаи шумо муҳим аст? Чаро?

– Фарҳангӣ ва бисёркасбӣ барои шумо муҳим аст ва чаро?

Доир ба ин саволҳо ҳамаи иштирокчиёни барнома дар бораи душвории таҳсил, роҳбарӣ, муҳимияти технология, аҳамияти табиат дар ҳаёти имрӯзаи мо, фаҳанги байналмилалӣ, ҷойи корӣ дар оянда ва бо дигар мавзуъҳо муҳокима карда ба худ маълумоти хуб гирифтанд. Азбаски мавзӯъи мазкур дар бораи душворӣ мерафт, якчанд зарбулмасалу мақолҳои Гераклит ҳамчун мисол оварда шуд: “Барои мағлуб кардани мураккабӣ – душворӣ лозим аст” ва “Ягона чизе, ки доимӣ аст, тағирот аст”.

Дар анҷоми семинар ҳамаи иштирокчиён маълумотҳои нав ва ҷолиб пайдо карданд ва фикру андешаҳои худро мубодила карда, доир ба ин чорабинӣ андешаҳои хубро ба миён гузоштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *