Семинари навбатии лоиҳаи UNICAC

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ семинари онлайниро дар доираи лоиҳаи UNICAC давом дода истодааст. Семинари навбатӣ 18 ноябри соли 2021 оид ба мавзӯи “Корҳои технология дар ҳаёти ояндаи корӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинии панелӣ профессор Тиина Викстром аз донишгоҳи Лауреа, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фируз ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шарипова Шаҳноза аз  Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов, аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нозима Ҳасанова, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Разоқова Сарвар ва дигар шарикони UNICAC ширкат варзиданд.

Сараввал профессор Тиина Викстром ба иштирокчиён мавзӯи семинарро зикр намуда,  вобаста ба ин мавзӯъ баромад кард. Дар баромади худ ӯ аҳамияти корҳои технологияро дар ин ҷомеа, ки  ба технология тааллуқ дорад шарҳи умумӣ дод.

Пас аз он, мавзӯъ дар бораи истифодаи технология ва дастовардҳои кишварҳои мухталиф дар соҳаи технология, бахусус ихтирои роботҳо дар Ҷопон, ки барои нигоҳубини пиронсолон ва дигар нигаронида шудааст, идома ёфт. Донишҷӯёни хориҷа аз давлатҳои Финландия, Испания ва Италия дар рафти семинар муваффакиятҳои мамлакати худро оид ба технология нақл карданд ва иштирокчиёни ин семинар бо ахборотҳои нав шинос шуданд.

Инчунин, Ҳошимов Ф. андешаҳои худро оид ба корҳои технология дар ҳаёти минбаъдаи меҳнатӣ баён намуд: “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва барои ихтироъ кардани технологияҳои нав маблағгузорӣ карда истодаанд. Дар Тоҷикистон намунаи равшанеро аз номи Азизҷон Азимӣ, ки хатмкардаи донишгоҳҳои Стэнфорд ва Ҳарвард аст, асосгузори Zypl.AI дар Тоҷикистон аст, ки дар Осиёи Марказӣ нахустин маркази “Зеҳни сунъӣ”-ро ифтитоҳ кардааст метавонем дид. Ӯ як мисоли равшанеро овардааст хати маҳсулот, ки ба истифодаи омӯзиши мошинсозӣ дар кредити андеррайтинг ба мизоҷони аввалини молиявӣ тамаркуз мекунад”.

Дар анҷоми семинар профессор Тиина Викстром наворҳоеро намоиш дод, ки дар онҳо эътимод ва ҳамкории одамон ва технология шарҳ дода шуда буд. Иштирокчиён аз ин маърӯза дар бораи технологияҳои нав дар оянда ва манфиатҳои онҳо маълумоти бештар гирифтанд. Инчунин, донишҷӯён оид ба қувваи технология ва камбудиҳои он, истифода ва имкониятҳои технология дар Финландия, Испания ва Тоҷикистон сӯҳбат карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *