Ҳамкорӣ оид ба барномаи мубодилавӣ бо Донишгоҳи Осиек, Хорватия

ДИС ДДТТ пайваста кӯшиш менамояд, ки пешсафиро дар татбиқи барномаҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷуён нигоҳ дорад. Чунончи пештар маълумот дода будем ҳоло омӯзгори мо Мухторов Саидқосим Саидосимович тибқи барномаи Erasmusplus дар Донишгоҳи Осиек, Хорватия қарор доранд.

Дар поён оид ба яке аз чорабиниҳои дар чаҳорчӯбаи сафари мазкур амалигардонидашуда, Мухторов С.С. ба мо иттилоъ дод: “Ман барои донишҷӯёни факултети Иқтисоди Донишгоҳи Осиек, Хорватия дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва имкониятҳо” баромад намудам. Дар толори лексионӣ бевосита 50 нафар донишҷӯ иштирок дошта, зиёда аз 120 нафари дигар тавассути интернет онлайн пайваст шуданд. Ман гумон надоштам, ки чунин миқдори зиёди саволҳо (бештар аз онлайн-иштирокчиён) пешкаш карда мешаванд, ки ин нишона аз баланд гаштани таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистон, иқтисодиёти мо ва имкониятҳои соҳибкорӣ дар кишвари мо буд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Хорватия низ барои омадан ба Хуҷанди бостонӣ ва таҳсил дар ДИС ДДТТ ҷиҳати барномаҳои мубодилавӣ пурсон шуданд. Оиди ин масъала, мо бо садорати факултети иқтисоди Донишгоҳи Осиек ба мувофиқа омадем, ки ҳамкориро дар доираи барномаи Erasmusplus ва дигар барномаҳо дар соҳаи таълим ва тадқиқот идома хоҳем дод. Барои имкониятҳои нав минбаъд моро пайгирӣ намоед. Инчунин, ман аз он шодам, ки устодони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ имконияти тариқи онлайн дар лексия ширкат варзиданд. Ман барои таҳқиқоти минбаъдаи худ бахшида ба соҳибкорӣ якчанд ғояҳои нав пайдо намудам”.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *