Анҷоми семинари омӯзишии – «ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023

Санаи 28  феврали соли равон дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин, дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян дар муддати 10 руз баргузор гардида, дар он зиёда аз 70 нафар донишҷӯён тариқи онлайн иштирок намуданд.

Ҳамоҳангсози барнома хонум Ли Сзиаойи аз Донишгоҳи педагогии Шенян, рафти семинари мазкурро роҳбаладӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович дод.  Ӯ оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва арзу сипоси худро баён намуданд. Инчунин таъкид карданд, ки дар оянда самти ҳамкориҳои ду донишгоҳро васеъ намуда, донишҷӯён забони чиниро хамчун забони хориҷӣ  бояд омӯхт.

Баъдан мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ – Мухторов Саидқосим барои мизбонии ин лоиҳаи омӯзишии тариқи онлайнӣ, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзиши курси забони чинӣ (зинаи ибтидоӣ) ва фарҳанги олии анъанавии Чинро фароҳам овард, изҳори сипос кард. Имкониятҳои хуби ҳамкориҳои Донишгоҳҳоро пешниҳод намуд ва бовар дорад, ки дар оянда мубодилаи донишҷӯён байни ду Донишгоҳҳо  ба роҳ монда шавад. Аз ин фурсат истифода бурда, метавонем гуфт, ки ин ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои густурдаи байни ду Донишгоҳ мусоидат мекунад.

Декани коледжи тахсилоти байналмилалии директори шуъбаи мубодила ва ҳамкорӣ Ҷанг Вей  донишҷӯёнро бо муваффақият хатм кардани ин семинар самимона табрик намуд. Ӯ умедвор аст, ки  минбаъд донишҷӯён идомаи  омӯзиши забони чиниро нигоҳ медоранд ва имконяти таҳсил кардан дар Донишгоҳи педагогии Шенянро  доранд.

Дар ифтитоҳи семинари мазкур,  ҷаноби Сун Фугуан – котиби кумитаи ҳизбии Коллеҷи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи педагогии Шенян аҳли нишастро истиқбол намуда, ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ ва устодони Донишгоҳи педагогии Шенян барои саъю кӯшиши онҳо ва бо муваффақият ба анҷом расонидани ин лоиҳа изҳори сипос кард. Ӯ қайт кард, ки донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар давоми омӯзиши забони чинӣ бо омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои хуби таълимро ба даст оварданд. Ӯ бовари дорад, ки ҳамаи донишҷӯён ин имконияти нодири омӯзишро қадр мекунанд ва донишу дӯстии худро дар оянда боз мукаммал мегардонанд.

Сипас, аз ҷониби омӯзгори ботаҷрибаи забони чинии Донишгоҳи педагогии Шенян хонум Жанг Ювей ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ муваффақияти комилро таманно намуд. Аз тарафи донишҷӯёни ДИС ДДТТ арзу сипоси худро бо забони чинӣ ба устодони Донишгоҳи педагогии Шенян баён намуданд, ки ин ба онҳо хеле писанд омад.

Дар охири чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Машокиров Шӯҳратҷон Усмонҷонович омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳи педагогии Шенянро ба Тоҷикистони азизамон самимона даъват намуданд.

Дар охири семинари омӯзишӣ ба донишҷӯёни ДИС ДДТТ сертификат супорида шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *