«ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023 ОНЛАЙН СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ ЧИН

Рӯзи 15 феврал соли 2023 дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) шуруъ гардид. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин, дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян ташкилу баргузор гардида, ҳадафи он мубодилаи донишҷӯёну устодон оид ба омӯзиши курси забони чинӣ мебошад.

Дар ифтитоҳи семинари мазкур, ки ба омӯзиши курси забони чинӣ (зинаи ибтидоӣ) рабт дошт, ҷаноби Сун Фугуан – котиби кумитаи ҳизбии Коллеҷи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи педагогии Шенян, Мухторов Саидқосим – мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ суханронӣ карда, оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуданд. Ҳамоҳангсози барномаи семинари мазкур хонум Ли Сзиаойи аз Донишгоҳи педагогии Шенян, рафти онро роҳбаладӣ намуд.

Сипас, омӯзгори забони чинии маркази омӯзиши забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ Олимова Зӯҳро суханронӣ карда, оид ба ҳолати омӯзиши забони чинӣ дар Донишкада, шавқи зиёди толибилмони меҳанро ба омӯзиши забони чинӣ, иброз намуд.

Ҳамзамон, аз номи муҳассилин, донишҷӯён Аҳадов Абдуаҳад ва Обидов Раҳимҷон сухан карда, хоҳиши зиёди давом додани таҳсил дар Чинро ҷиҳати такмили донишу, андӯхтани таҷриба баён доштанд. Сипас, аз ҷониби омӯзгори ботаҷрибаи забони чинии Донишгоҳи педагогии Шенян хонум Жанг Ювей ба шунавандагони курс, ки аз ҳисоби донишҷӯёни ДИС ДДТТ зиёда аз 70 нафарро ташкил медиҳанд, дарси нахустин оид ба мавзуи «Ни Хао» (Салом) гузаронида шуд.

 

Ҳамин тариқ, маросими ифтитоҳи семинари мазкур оид ба омӯзиши забони чинӣ таҳти унвони «Пули Чинӣ»-2023 бо натиҷагирӣ аз суханрониҳо ва баргузории дарси аввал ба анҷом расид. Курси мазкур муддати 10 рӯз баргузор гардида, хоҳишмандон метавонанд бемамоният дар он иштирок намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *