Дар ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» баргузор гардид

ДАР ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» (ERASMUSDAYS) БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААСТ
Бо ташаббус ва ибтикори Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ санаҳои 14-15-уми октябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «Рӯзҳои Эрасмус» (ERASMUSDAYS) баргузор гардида истодаанд.
Санаи 14-уми октябр дар толори асосии донишкада бо иштироки ҳайати васеи донишҷӯён рӯзи аввали мулоқот, ки аз шиносоии лоиҳаҳои барномаи «Эрасмус +», муаррифии донишгоҳҳои дар доираи барнома ҳамкор, шиносоӣ бо имкониятҳои таҳсил ва донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин, нишониҳои интернетии (ссилкаҳои) пур кардани пурсишномаҳо (анкетаҳо) ва интихоби донишгоҳҳо иборат буд, баргузор гардид.
Дар муаррифӣ мудири Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии донишкада, роҳнамои барномаи «Эрасмус +» дар муассиса Саидқосим Мухторов суханронӣ намуда, аз тариқи слайд донишҷӯёнро бо имкониятҳои таҳсил, роҳхатҳо барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавру магистратура, ва донишгоҳҳои ҳамкор шинос намуд.
Донишҷӯён оид ба барнома ва самтҳои он саволҳои сершумор пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас шуниданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *