Ҳайати кормандони ДИС ДДТТ дар конференсияи ҷамъбастии лоиҳаи UNICAC

Санаи 21 сентябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (шаҳри Тошкент) конференсияи ҷамъбастии иштирокчиёни лоиҳаи UNICAC баргузор гардид. Дар конфронс ҳайати кормандони ДИС ДДТТ, ки аз ҷумлаи ҳамкори лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, низ ширкат варзиданд. Мулоқоти ҷамъбастии ҳамкорони лоиҳа тариқи оффлайн ва онлайн баргузор гардид.
Конференсияи ҷамъбастии лоиҳа давоми се рӯз идома карда, дар рӯзи аввали он натиҷаҳои чорсолаи фаъолияти лоиҳа дар донишгоҳҳои ҳамкор натиҷабардорӣ карда шуданд. Сипас, шарикони дигари Лоиҳаи UNICAC аз корҳои дар доираи ин лоиҳа анҷомдодаи худ маълумоти муфассал дода, байни худ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Рӯзи дуюми мулоқот бо конференсияе, ки аз ҷониби Донишгоҳи технологияҳои информатсионии Тошкент ташкил карда шуда буд, оғоз гардид. Конференсияро намояндаи донишгоҳи мазкур ифтитоҳ намуда, ба Маурицио Сиси намоянда аз Донишгоҳи Турин сухан дод. Маурицио Сиси дар мавзуи “Capitals Needed and Managed for the Enhancement of IROs” баромад карда, андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Инчунин, дар мулоқот оид ба имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, хусусан байни мутахассисони ҷавон, баррасӣ шуданд.
Роҳбари Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Саидқосим Мухторов баромад намуда, оид ба раванди байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа карда, вобаста ба самтҳои афзалияту манфии байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ андешаҳои ҷолибиброз намуд.
Зимни баромади хеш Саидқосим Мухторов таъкид дошт, ки раванди байналмилалигардонии таҳсилот дар ДИС ДДТТ оғоз гардида, ҳадафҳои муайяншудаи донишкада вобаста ба ин дар ҳашт самт роҳандозӣ гардидаанд ва метавонанд, ки ба байналмилалигардонии таҳсилот дар муассиса мусоидат намоянд.
Эксперти лоиҳаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии Бухоро Аброр Ҷӯраев ба нақшаву ҳадафҳои ДИС ДДТТ баҳои баланд ва мусбӣ дод. Инчунин, дар мулоқот намояндагони донишгоҳҳои шарики лоиҳа аз Чин тариқи онлайн иштирок намуда, андешаи худро вобаста ба самтҳои муайяншуда иброз намуданд.

Дар рӯзи ҷамъбасти конференсия вохӯрии ҳамоҳангсозон ва менеҷери молиявии лоиҳа баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои ба дастовардаи донишгоҳҳои шарики лоиҳа баррасӣ карда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои ДИС ДДТТ дар самти амалисозии мақсадҳои бо лоиҳа мувофиқ гардонидашуда аз ҷониби ҳамоҳангсози лоиҳа тасдиқ карда шуданд. Илова бар ин, дар давоми 4 соли фаъолияти лоиҳа натиҷаҳои назарраси он эълон карда шуданд.
Донишгоҳҳои ҳамкор ва шарикони лоиҳа: Донишгоҳи Турин, Донишгоҳи Лауреа, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи Севиля, Инкома, Донишгоҳи Шимолу Ғарбӣ, Донишгоҳи шимолу ғарбии хоҷагии ҷангали Чин, Донишгоҳи Шинҷон (Чин) ба ҳисоб мераванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *