Хабарҳо
now browsing by category

Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Франсия ба ДИС ДДТТ
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба ДИС ДДТТ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуд. Дар даромадгоҳи бинои асосии Донишкада сафирро устодону донишҷӯён истиқбол намуданд. Директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдурашит Ҷалилзода дар бораи ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳҳоиRead More

ДИС ДДТТ калиди муваффақияти шумост!
Орзуи ҷавонии мо амалӣ шуд! Мо ба шаҳри орзуҳои худ – Диснейленди Париж сафар кардем. Донишкада барои донишҷӯён имкониятҳои зиёд фароҳам меорад ва онҳоро дастгирӣ мекунад ва барои амалӣ шудани орзуҳои онҳо мусоидат мекунад. Мо аз ДИС ДДТТ ва барномаи мобилии Эразмус + миннатдорем, ки ба мо имконияти зиёдро фароҳамRead More

Донишҷӯи ДИС ДДТТ дар Донишгоҳи педагогии Шеняни Чин
Уринов Соҳибҷон донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мебошад. Айни ҳол дар Донишгоҳи педагогии Шеняни Чин таҳсили худро идома дода истодааст. Шиори шахсии ӯ: Ҳеҷ гоҳ натарсед, ки Шумо муваффақ намешавед – кӯшиш кунед, ҷуръат кунед!

Тақвияти ҳамкории ДИС ДДТТ бо Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд босуръат рушд намуда истодааст. Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии донишкада –тақвият додани раванди байналмилалигардонии таҳсилот ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ раёсати Донишкада тасмим гирифтааст, ки мубодилаи академии устодон ва донишҷӯёнро бо Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсеа диҳад. Санаи 4 декабри соли 2023 ҳайати устодонRead More

«ПУЛИ ЧИНӢ» («Chinese Bridge»)-2023 ОНЛАЙН СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ ЧИН ба анҷом расид
Санаи 28 сентябри соли равон дар ДИС ДДТТ лоиҳаи онлайн-мубодилаи гуруҳии “Пули чинӣ”-2023 (омӯзиши забон) ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки ки лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Шенян дар муддати 10 руз баргузор гардида, дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯён тариқи онлайн иштирокRead More
Ҳамкорӣ бо донишгоҳи шарики нав, аз шаҳри Сиани вилояти Шаанши, Ҷумҳурии Мардумии Чин!
Донишгоҳи Ҷиаотонги Сиан, мансуб ба даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои Чин буда, факултаи Менеҷменти донишгоҳ дар рейтинги факултаҳои менеҷменти тамоми донишгоҳҳои Чин ҷои аввалро ишғол менамояд. Делегатсияи донишкадаи мо бо роҳбарии сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳукумати вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон Насимович ва директори донишкада ҲошимзодаRead More

Тақвияти робитаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи шимолу ғарбии кишоварзӣ ва ҷангал барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои бузург дорад. Аз ин рӯ, ҳукумат ба он таваҷҷуҳи хоса медиҳад, чун саноатикунонии босуръати иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои асосии стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Зимни Паёмҳои пурмуҳтавои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба аҳамияти густариши «самтҳои асосии сиёсати хориҷӣRead More

Ташрифи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Вазири маориф ва илм бо пояи моддию техникии донишкада, шароити таҳсил, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти комиссияи қабул шинос гардида, барои боз ҳам баландRead More

Ҳамкории байналмилалӣ байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи Лауреаи ИА
Устодон ва магистрантони ДИС ДДТТ, ки рӯзҳои наздик ба Донишгоҳи Лауреаи Финландия мераванд, дар рӯзи дуввуми мулоқот бо меҳмонон шинос шуда, сӯҳбатҳо гузарониданд. Сараввал муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Мирпочоев Д.А. ва мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Камолов Фарух дар бораи фарқиятҳои интернатсионализатсияи илмӣ, дарсҳоиRead More

Ташрифи меҳмонон ба ДИС ДДТТ аз Донишгоҳа Лауреа, Финландия
Ҳамкории байналмилалӣ байни донишгоҳҳо барои ҳама, аз кормандон ва донишҷӯён то тамоми ҷаҳон муфид аст! Донишкадаи мо бо камоли хушнудӣ ба шумо иттилоъ медиҳад, ки дар доираи барномаи Эразмус+, Мобилияти байналмилалии кредитӣ KA 107 меҳмонон аз Донишгоҳи Лауреа, Финландия ба ДИС ДДТТ дидан кардан. Коршиноси байналмилалӣ, ҷомеа ва рушди шахсӣRead More